Саноати доруҳо бар зидди фарбеҳӣ ба 200 миллиард доллар мерасад

Май 2, 2023 17:59

ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Саноати афзояндаи доруҳо бар зидди вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ метавонад дар тӯли даҳсолаи оянда ба 200 миллиард доллар расад. Дар ин хусус сардори шуъбаи аврупоии таҳқиқоти саҳмияҳои ширкатҳои фармасевтии «Barclays» Эмили Филд изҳор дошт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба CNBC хабар додааст.

«Масунияти онкологӣ таърихи даҳсолаи охир буд. Чунин ба назар мерасад, ки фарбеҳӣ- достони ин даҳсола аст. Мо фикр мекунем, ки дар 10 соли оянда ин бозор метавонад ба 100 миллиард доллар бирасад. Агар ин тамоюл идома ёбад, натиҷа ҳатто метавонад дучанд шавад ва мо воқеан сатҳи баланди фарбеҳиро дар ҷаҳон хоҳем дид», баён дошт Филд.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар даҳсолаи охир сатҳи фарбеҳӣ дар ҷаҳон тақрибан се баробар афзоиш ёфтааст. Ҳоло дар ҷаҳон 1 миллиард нафар дорои фарбеҳии клиникӣ  мебошад, ки 650 миллион калонсол, 340 миллион наврас ва 39 миллион кӯдак аз ин ҷумла мебошад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Май 2, 2023 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад