Сарбозони қисми ҳарбии гарнизони Хоруғ ба ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҳамеша омода мебошанд

Май 9, 2023 16:29

ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муҳофизати Ватан ва дар ин замина таъмини амнияти давлату миллат аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷа дар назди шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати иҷрои ин рисолати бузург дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки мактаби тарбияи ҷавонон дар роҳи садоқату вафодорӣ ва донишу таҷрибаи баланди ҳарбӣ-сиёсӣ маҳсуб мешавад, тамоми шароиту имконияти мусоид барои хизмат ва фаъолияти ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст.

Қисми ҳарбии гарнизони Хоруғ аз ҷумлаи қисмҳои низомие мебошад, ки ҳайати шахсии он дар фаъолияти хизматии худ тамоми вазифаҳои бар уҳдадоштаро сарбаландона иҷро намуда, баҳри такмили маҳорати касбии хеш дар машқҳои муштараки ҳарбӣ ва чорабиниҳои гуногуни низомӣ пайваста иштирок менамоянд. Дар баробари дигар шароиту имконияти фароҳамгардида инчунин дар қисми ҳарбии номбурда шаҳракҳои муосири таълимӣ, пойгоҳҳои тактикӣ ва дигар нуқтаҳои таҷрибавӣ ташкил карда шудааст, ки албатта, он имкон медиҳад, ки сатҳи баланди тайёрии касбии ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо дар ҳама гуна вазъият таъмин ва нигоҳ дошта шавад.

Тавре зимни суҳбат ба мо намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Боқӣ Шарифов изҳор дошт, сарбозони ин қисми ҳарбӣ зимни ҳар даври омӯзишӣ соатҳои назариявии машғулияти фаннии хешро дар синфхонаҳои таълимии тайёрии техникӣ, тактикиву оташфишонӣ ва омодагии кӯҳӣ аз худ намуда, бо истифода аз шароити муҷаҳҳази таълиму тадрис дар ҳама самтҳо донишу маҳорати хизматии хешро баланд мебардоранд.

Ба гуфти мавсуф, «дар ин гуна машғулияти таълимӣ ҳайати шахсии сарбозон вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии ҷузъу том ва қароргоҳҳои муваққатии он дар баробари омӯзиши тайёрии кӯҳӣ, ичунин сохт ва хусусияти техникиву ҷангии силоҳу муҳиммоти ҳозиразамон, навъи тӯпҳои истифодашаванда дар шароити кӯҳистон, техникаҳои вазнини ҳарбӣ ва мошинҳои махсуси ҷангиро ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ бо рондану идора намудан аз худ менамоянд. Машғулияти тайёрии кӯҳӣ ва тактикиву оташфишонӣ бештари вақт дар мавзеъҳои мухталиф бо истифода аз лавозимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти зарурӣ амалан гузаронида мешавад».

Бояд иброз намуд, ки ҳомиёни ин гӯшаи марзи муқаддаси Ватан ҳар дафъа тибқи нақша дар пойгоҳҳои таълимӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо ҳайати шахсии марзбонони ин минтақа машғулияти низомӣ гузаронида, дар он мавзӯъҳои вобаста ба пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, дифоъ аз марзу бум ва таъмини якпорчагии Тоҷикистонро амалан коркарду тарҳрезӣ менамоянд.

Боқӣ Шарифов мегӯяд, ки зимни чунин машғулияти таълимӣ асосан амали ҳайати шахсии дидбонгоҳ ва кумаки қувваҳои асосӣ дар ҳолати пеш омадани зарурати хизматӣ нишон дода мешавад. Аз ҷумла, тибқи матлаби баргузории ҳамин гуна тамринҳо посбонони дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳангоми пешбурди хизмат гӯё вайронкунандагони сарҳади давлатиро ошкор ва муайян месозанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ бо таҷрибаи иштирок дар ин гуна машғулиятҳо бо ҳозир гардидан ба макони таъйингардидаи амалиёти шартӣ мавқеъҳои мудофавии худро ишғол намуда, мувофиқ ба ихтисосҳои низомӣ ва бо истифода аз қувваву воситаҳои ҷангии дар ихтиёрдошта ба ҳуҷуми мусаллаҳона мегузаранд. Дар натиҷа гӯё низомиёни қодиру матиниродаи марзу буми меҳан ҳуҷуми мусаллаҳонаи афроди сарҳадшиканро зада баргардонида, минтақаи масъулиятноки сарҳади давлатиро барқарор месозанд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар ин гуна машғулияти якҷояи ҳарбӣ асосан силоҳҳои мухталифи сабуки ҷангӣ, навъҳои гуногуни минамётҳо ва дигар техникаҳои зиреҳпӯшу махсуси низомӣ, ки корбарии онҳо дар шароити кӯҳистон басе мусоиду манфиатовар мебошад, ба таври васеъ истифода мегардад.

Бояд гуфт, ки бо иҷрои чунин амалҳои тактикӣ низомиёни мамлакат мавзӯъҳои ба таври назариявӣ омӯхтаи худро дар давраи омӯзишӣ амалан коркард менамоянд ва аз ҷониби дигар, бо ин роҳ омодагии худро дар самти амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳкиму тақвият бахшида, барои пешгирии ҳар гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир омода мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 9, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд