Шуъбаи сироятии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода пас аз таъмир ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 май шуъбаи сироятии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода пас аз таъмир бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардида, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳбарияти шаҳри Турсунзода, шарикон оид ба рушд, роҳбарият ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳр иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки бинои шуъбаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин карда шудааст.
Махсусан ҳуҷраҳои шуъба бо катҳои нав, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва хати оби нӯшокӣ таъмин гардидааст.
Зимни суҳбат бо кормандони шуъбаи мазкур таъкид гардид, ки пешгирии бемориҳои гуногун, хосатан бемориҳои сироятӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешавад.
Аз ҷумла, дар доираи чунин иқдом таъмир ва навсозии шуъбаҳои сироятии тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат бомаром идома дошта, аллакай дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст.
Аз кормандони шуъбаи мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароит ва имконияти мавҷуда баҳри таъмини солимии аҳолӣ боз ҳам кӯшиш намоянд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






