«Соро компания» ва «Истиқлол» барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 — «Super Cup Formula55» оид ба футзал мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Душанбе бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2023 — «Super Cup Formula55» оид ба футзал баргузор мешавад. Дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» беҳтарин будани худро муйян менамоянд. Бозӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон (Автодром) баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «Formula55» хабар доданд.
Бояд гуфт, ки «Соро компания» барандаи феълии Суперлигаи Тоҷикистон ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон буда, бо барандаи медали нуқраи чемпионат — «Истиқлол» рақобат мекунад. Мухлисонро бозии зебо ва ҷолиб интизор аст, зеро дастаҳо барои «Super Cup Formula55» -2023 мубориза мебаранд.
Ширкати «Formula55», ки сарпарасти Суперҷоми Тоҷикистон-2023 мебошад, дар ин мусобиқа смартфон ва дигар туҳфаҳои брендиро тавассути лотереяи бурднок ба мухлисон пешниҳод менамояд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш «Formula55» бо дастаи футзали «Пойтахт» шартномаи сарпарастӣ ба имзо расонид. Ширкати «Formula55» дар тамоми фаъолияти худ мунтазам чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, варзишгарон, инчунин клубҳо ва федератсияҳои варзишии мамлакатро фаъолона дастгирӣ менамояд.
АКС: ширкати «Formula55»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард






