ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 май, ҷумъа, 132-юмин рӯзи соли 2023

Май 12, 2023 08:00

12 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳоро доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки 10 — 11 май ба амал омада буд, шунида, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир андешида, ба мардуми зарардида кумаки саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.

***

12 майи соли 2021 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вақти вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолати воқеии мавзеъҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд.

***

12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, собиқи Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 асос гузошта шуд.

***

12 майи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали «Водии Данғара — 3»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

12 майи соли 2018 дар “Кохи Борбад” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд.

12 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тоҷикистон – Рӯзи шашмақом.

***

Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиб.

***

Дар Ҷумҳурии Сербия – Рӯзи армия.

***

12 майи соли 2010 дар Мянма дар бозии давраи интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё /КФО/ чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол — дастаи «Вахш» чемпиони Покистон — дастаи  «Озмоишгоҳҳои тадқиқотии Хон»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.

***

12 майи соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Туркия таҳсил доранд, дар озмуни ҳарсола байни беҳтарин муҳандисони Туркия мақоми аввалро соҳиб шуданд.

***

12 майи соли 2015 Бонки рушди Осиё бонки «Эсхата»-ро ҳамчун бонки пешбар — ҳамкор оид ба тиҷорат ва маблағгузорӣ дар Тоҷикистон эътироф намуд.

***

12 майи соли 1993 Эстония ба узвияти Шӯрои Аврупо қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2010 Маркази фарҳанги тоҷикон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 65-солагии Ғалаба бар фашизм шоми мусиқавии миллатҳо — «Биёед, дӯст бошем!»- ро баргузор намуд.

***

Соли 2012 аввалин ҷаласаи Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Май 12, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш