ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 май, чоршанбе, 144-умин рӯзи соли 2023

Май 24, 2023 08:00

24 майи соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахустин  бор бо сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия рафтанд.

***

24 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими пешвозгирии расмии Президенти вақти Хорватия Степан Месача баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Беларус бо қарори Шӯрои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус» сарфароз гардонда шуданд.

***

24 майи соли 2019  дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

24 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 

Рӯзи байналмилалии мамнӯъгоҳҳо.

***

Дар Русия — Рӯзи кормандони шуъбаи кадрҳо.

***

Дар Эритрея – Рӯзи истиқлоли давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

24 майи соли 2001 дар Минск вохӯрии 10-уми Шӯрои роҳбарони  сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои  ба роҳ мондани чорабиниҳои муштараки фаврӣ- ҷустуҷӯӣ нисбат ба ҷамъиятҳои муташаккилонаи фаромиллии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

24 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-байналмилалӣ барои ҷавонони тарҷумони асарҳои бадеии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 майи соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои бадани одам ба фаъолият шуруъ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 байни Тоҷикистон ва Беларус 10 ҳуҷҷати байнидавлатӣ имзо шуд.

***

24 майи соли 2017 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин бахшида ба муаррифии санади стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамоиш доир гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1844  телеграфи Морзе (содатарин асбоби  фиристодани сигналҳо) аввалин барқияро аз Вашингтон ба Балтимор равон кард.

***

Соли 1925 нахустин шумораи рӯзномаи «Комсомолская правда» нашр шудааст, ки он дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллионҳо нусха чоп  мешуд ва яке аз рӯзномаҳои бонуфузтарини собиқ СССР буд.

Май 24, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш