Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Конго ба 438 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар вилояти Кивуи Ҷанубӣ дар шарқи Ҷумҳурии Демократии Конго ба 438 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе агентии «Синхуа» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.
Шумораи бедаракшудагон маълум нест.
Боронҳои шадид боиси обхезӣ ва ярчҳои сершумор гардиданд. Аз хама бештар шаҳракҳои Бушушу ва Нямукуби зарар дидаанд. Бо қарори сарвари давлат Феликс Чисекеди ба минтақа комиссияи ҳукуматӣ фиристода шуд, то талошҳоро барои расонидани кумак ба осебдидагон ҳамоҳанг созад.
Сомонаи иттилоотии Конго «Actualite» аз эълони мотами умумимиллӣ ба хотири ҳалокшудагони обхезӣ хабар дод.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






