«ҲУҚУҚҲОИ МО, КӮДАКОН». Дар шаҳри Бохтар таҳти чунин унвон озмуни расми беҳтарин баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 май дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон ғолибони озмуни шаҳрии расми беҳтарин таҳти унвони «Ҳуқуқҳои мо, кӯдакон» қадрдонӣ карда шуданд, ки ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) бахшида шуда буд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон.
Озмуни «Расми беҳтарин» аз 24 апрел то 2 май бо ташаббуси мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи Хатлон ва шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии хонандагон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ташкил карда шуд.
Дар он 58 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар иштирок намуд. Ба кумитаи тадорукоти озмун расмҳои хонандагон пешниҳод ва ғолибони озмун муайян гардид.
Дар асоси хулосаи кумитаи тадорукот ҷойи якумро хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 Лутфия Раҳматуллоева, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Шоҳсанам Абдурасулова ва ҷойи сеюмро хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтар Раҳима Холалиева сазовор шуда, бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
«Имрӯз Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон сиёсатеро пеш гирифтаанд, ки ба амалишавии тамоми ҳуқуқҳои кӯдакон мусоидат мекунад», — иброз дошт намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар анҷоми ҳамоиш.
АКС: Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд






