ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9145 то 10.9400 сомонӣ муқаррар карда шудааст
ДУШАНБЕ, 03.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 10.9145 сомонӣ;
1 евро – 11.9579 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1365 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9145 то 10.9400 сомонӣ;
1 евро аз 11.9579 то 12.2500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1365 то 0.1395 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».