Вакилони парлумони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ дар соҳаи экологияро баррасӣ намуданд

Май 26, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Зеленогорскии Федератсияи Русия  ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологияи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ,  захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Аъзоёни комиссия лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи кишоварзии органикӣ»-ро баррасӣ намуданд.  Дар ин хусус  роҳбари гурӯҳи кории АБ ИДМ  оид ба таҳияи ҳуҷҷати мазкур Олег Мироненко ва сармутахассиси Институти қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Алимҷон Оқилов иттилоъ доданд.

Қабули қонуни намунавӣ ва татбиқи он дар қонунгузории миллии кишварҳои ИДМ барои ташаккули системаи ҳамоҳангшудаи истеҳсоли органикӣ дар минтақа шароити ҳуқуқӣ фароҳам меорад ва стандартҳои ягонаи гардиши маҳсулоти органикии кишоварзиро дар бозорҳои кишварҳои ИДМ ташаккул медиҳад.

Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи арзёбии таъсири эҳтимолии фаъолияти истихроҷи маъдан ба саломатии аҳолии ҳудудҳои ҳамшафат» баррасӣ шуд. Зимнан иброз гардид, ки дар давоми 10-15 соли охир дар кишварҳои ИДМ ҳаҷми саноати кӯҳӣ босуръат меафзояд. Дар баробари ин, хатари таъсири он ба саломатии аҳолӣ низ зиёд мегардад. Ҳуҷҷат ба эҷоди як системаи муассири арзёбии таъсири эҳтимолии фаъолияти истихроҷи маъдан ба саломатии шаҳрвандоне, ки дар ҳудудҳои ҳамсоя зиндагӣ мекунанд, нигаронида шудааст. Раванди баҳодиҳӣ бояд бо назардошти манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шахсият сурат гирад.

Коршиносон ҳамчунин доир ба таҳрири нави лоиҳаи консепсияи Қонуни намунавӣ «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» маълумот гирифтанд. Нотиқон баён намуданд, ки аз қабули қонуни намунавй дар таҳрири пештараи он зиёда аз бист сол гузашт, ки дар давоми он танзими ҳуқуқии муҳофизати ҳавои атмосфера дар ҳар як мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил босуръат инкишоф ёфааст.

Дар соли 2020 қабули Қонуни намунавӣ «Дар бораи рушд ва ҳифзи ҳудудҳои кӯҳӣ» қадами муҳим дар рушд ва ҳифзи манотиқи кӯҳистонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Ҳуҷҷат мафҳумҳои асосиеро, ки барои ташаккул ва рушди сиёсат дар соҳаи азхудкунии минтақаҳои кӯҳӣ муҳиманд, муайян мекунад.

Ноҳияҳои кӯҳӣ барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ аҳамияти калон доранд. Дар баробари ин дар тараққиёти ноҳияҳои кўҳсори штатҳо нисбат ба ҳудудҳои   ҳамвор қафомонии калон боқӣ мемонад.

Баромадкунандагон ҳамчунин иброз намуданд, ки проблемаҳои муҳимтарин ин пеш аз ҳама паст будани дараҷаи зиндагонии аҳолӣ, паст шудани дараҷаи маълумот ва навъҳои гуногуни ёрии иҷтимоӣ ва дар натиҷаи идоракунӣ зуд кам шудани сарватхои табиӣ   мебошанд.

АКС: Маҷлиси намояндагон

Май 26, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд