«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамоиши адабию маърифатӣ доир шуд

Май 23, 2023 08:57

ДУШАНБЕ, 23.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Як рӯзи ҷавонӣ» барномаи адабию маърифатӣ, фарҳангиву сиёсӣ, иттилоотию тарғиботӣ, илмию инноватсионӣ ва вохӯрӣ бо донишҷӯён баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармонро «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад.

Тазаккур дода шуд, ки воқеан давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба илму дониш фаро гирифтани ҷавонон зина ба зина шароити зарурӣ таъмин карда шуд.

«Маҳз ҷавонони бо илму дониш метавонанд ояндаи дурахшони давлату миллати хешро таъмин намоянд. Ин аст, ки Пешвои миллат ҷавононро ояндаи давлат унвон кардаанд»,-иброз гардид зимни ҳамоиш.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ низ аксариятро кормандони ҷавон ташкил медиҳанд ва онҳо баҳри таъмини тартибот ва осудаҳолии шаҳрвандон саҳми намоён мегузоранд.

Дар ҳамоиш дастовардҳои илмию варзишии донишҷӯён ва устодон ба намоиш гузошта шуда, барои иштирокчиён барномаи идонаи фарҳангии дастаи ҳунарии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти унвони «Суруди ҷавонӣ» пешкаш карда шуд.

Дар фарҷоми чорабиниҳо ба як зумра устодону донишҷӯёни донишгоҳ сипосномаҳои Кумита тақдим карда шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2023 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад