Захмиёни таркиши балони газ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таҳти назорати қатъии табибон қарор доранд
ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 зарардидаи таркиши балони газ дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур бистарӣ гардида, таҳти назорати табибон қарор доранд. Дар айни ҳол 8 нафар дар шуъбаи наҷот бо ҳолати вазнин бистарӣ аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо дастури роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии мамлакат гурӯҳи мутахассисони варзида ва сармутахассисони соҳавии вазорат барои табобати зарардидагони ин ҳодиса ба ноҳияи Панҷ рафт.
Тавре иттилоъ дода шуд, муассисаи тиббӣ пурра бо маводи доруворӣ, банду баст, безараргардонӣ ва хуну ҷузъҳои он таъмин карда шуда, барои ташхис ва табобати зарардидагон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Вазъи саломатии зарардидагони ин ҳодиса таҳти назорати қатъии табибон, махсусан роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки 20 май дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон балони газ таркида, дар натиҷа 28 нафар захмӣ шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






