Ҳайати Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария бо вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 09.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (SECO) дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони масъули созмони мазкур дар Душанбе баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, таҷрибаи ҳамкории бисёрсола ва дастгирии кумаки техникии Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон дод, ки дар бахши молиявии мамлакат як қатор ислоҳоти муҳим ҷорӣ гардад.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаҳои Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария дар баробари дастгирии лоиҳаҳои зиддибуҳронӣ, Бонки миллии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкӣ дар самти сиёсати макропруденсиалӣ, танзим ва назорати бонкӣ, идоракунии корпоративӣ ва идоракунии хавфи қарзиро таҳия ва татбиқ намуд, ки ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва қабули он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи барҷастаи ин ҳамкорӣ маҳсуб меёбад.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон намояндагони Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсарияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуд.
Таъкид шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби геосиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон дар моҳҳои январ-апрели соли равон тамоюли пастшавии сатҳи таваррум идома дошта, 2,3 фоиз ва таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи апрели соли равон 3,4 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ камтар аст.
Афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба 8,0 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ зиёд аст.
Намояндаи Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария аз сатҳу сифати ҳамкории тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, пешравиҳои назарраси Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти таҳкими устувори бахши молиявӣ ва барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ хуш истиқбол намуд.
Мавсуф қабули «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026»-ро қадами устувор дар рушди бахши молиявии мамлакат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки барои дар амал татбиқ намудани чаҳор самти асосӣ, аз ҷумла шабакаҳои таҳвил ва хизматрасонии молиявии рақамӣ, гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва саводнокии молиявӣ ҳамкорӣ вусъат дода хоҳад шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2330 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






