Аз 5 то 7 июн дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир мешавад

Июнь 2, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 02.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 7 июни соли равон дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ ва Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ФБНА иттилоъ медиҳад.

Дар конфронс намояндагон аз давлатҳои муассиси ФБНА, сиёсатмадорон, коршиносон, олимон, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.

Кумитаи иҷроияи ФБНА бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ маҳсуб меёбанд. Дар доираи конфронс баргузории ҷаласаи Шӯрои ФБНА ва ҷаласаи чоруми Платформаи ҳамоҳангсозии Кумитаи иҷроияи ФБНА бо шарикони байналмилалии рушд дар назар аст.

Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» ҷаласаҳои пленарӣ дар мавзуъҳои «Дастовардҳо ва таҳаввулоти асосӣ дар тӯли 30 соли охир ва диди стратегӣ барои ояндаи ФБНА, муколама байни ҳавзаҳо, байни давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ ва фаъолияти ФБНА баррасӣ хоҳанд гардид.

Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронси байналмилалӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва иншооти бузурги обии Тоҷикистон -НБО «Норак» ва «Қалъаи Ҳисор» боздид намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст ва соли равон аз фаъолияти он 30 сол сипарӣ гардид. Муассисони фонд Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 2, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд