Бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Рӯшон конфренсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Июнь 9, 2023 17:17

ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшон бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, инчунин донишмандон ва аҳли зиё Конфренсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Таҳкими ваҳдати миллӣ мароми мост» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Қабл аз оғози кори конференсия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ба номи Отамбек Илчибекови ноҳияи Рӯшон бо гурӯҳи кӯдакони ятими кули ноҳия вохўрӣ гузаронида шуда, ба онҳо туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иборат аз либосу пойафзол мебошад, тақдим гардид.

Таъкид шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри осебпазир, ба хусус кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияти маҳдуди ҷисмонӣ таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дошта, пайваста аз кумаку дастгирӣ ва имтиёзҳо бархурдор мегарданд.

Баъд аз боздид аз намоишгоҳ, ки дар он дастовардҳои наврасону хонандагони муассисаи таҳсилоти мазкур ба намоиш гузошта шуда буд, кори конференсия шуруъ гардид.

Дар конференсия гуфта шуд, ки аз ҷумлаи иқдомҳои аввалини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъсиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои эҳёи сулҳу субот дар рӯзҳои басо душвор мебошад. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ» ибрози назар намуда, афзуд, ки хушбахтона, имрӯз дар саросари мамлакат аъзои ин ҳаракати ҷамъиятӣ ба беш аз 3 миллион нафар расидааст, ки фоизи бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад.

Иштирокдорони дигари конференсия аз ҳисоби зиёиёни ноҳияи Рӯшон атрофи мавзуи «Таҳкими ваҳдати миллӣ мароми мост» ва роҳҳои расидан ба ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат дар рушди мамлакат изҳори андеша намуда, миннатдории хешро ба созмондиҳандагони ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баён намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 9, 2023 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд