Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасонии сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «More Trip International Travel Service Co» ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба, ташрифи сайёҳони ду ҷониб, ворид намудни сайёҳони кишварҳои сеюм ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Чин ва Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои муштараки сайёҳӣ ибрози назар намуданд.
Изҳор гардид, ки ба роҳ мондани равобити дуҷонибаи ширкатҳои Чин ва Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳии ҳарду давлат манфиатовар мебошад.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории мутақобила байни Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасонии сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «More Trip International Travel Service Co» ҷиҳати муаррифии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма ва захираҳои интернетии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо мусоидат хоҳад намуд.
Мавриди тазаккур аст, ки Ёддошти тафоҳум муҳлатнок буда, то 31 декабри соли 2023 қобилияти амал намуданро дорад ва бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб метавонад тамдид карда шавад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






