«БЕҲТАРИН ОЛИМИ ҶАВОНИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ-2023». Магистранти Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон барандаи ин ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Озмуни байналмиллалии «Беҳтарин олими ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — 2023» баргузор шуд, ки дар он муҳассили соли аввали шуъбаи магистрантураи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Юнусалиев барандаи ҷоизаи «Беҳтарин ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2023» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи мазкур хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Русия ҷиҳати муайяннамоии беҳтарин олими ҷавон миёни муассисаҳои илмиву олии давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Русия Озмуни байналмиллалии «Беҳтарин олими ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — 2023» аз рӯи бахшҳои илм, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқ, адабиёт ва санъат баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур донишҷўи соли аввали шуъбаи магистрантураи Академияи идоракунӣ Умедҷон Юнусалиев иштирок намуда, дар асоси хулосаи комиссияи озмун барандаи ҷоизаи «Беҳтарин олими ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — 2023» дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ гардид ва бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагӣ мукофотонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанд муддат пеш Умедҷон Юнусалиев дар олимпиадаи байналмилали Ҳан-Жоу иштироки фаъолона намуда, барандаи шоҳҷоизаи ин озмун гардид ва роҳхат барои сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба даст оварда буд.
АКС: Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






