Дар Амрико бар асари гирдбоди харобиовар беш аз 20 нафар осеб диданд

Июнь 21, 2023 15:27

ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта дар иёлати Миссисипи Амрико бар асари чанд гирдбоди харобиовар як нафар ҳалок ва беш аз 20 нафар маҷруҳ шуданд, хабар медиҳад Агентии байналмилалии иттилоотии «Kazinform» бо истинод ба «Euronews».

Шаҳраки Луин хисороти бештар дидааст. Аз наворҳо ва аксҳое, ки аз ҳаво гирифта шудаанд, харобазор, хонаҳои валангор ва дарахтони решаканшуда дида мешаванд. Дар шаҳри Мосс-Пойнт низ, ки аз гирдбод осеб дидааст, ҳафт нафар дар дохили бинои бонк дармондаанд. Наҷотдиҳандагон ба кумаки онҳо омаданд.

Гурӯҳҳои фаврӣ хисоротро арзёбӣ менамоянд ва дар баъзе минтақаҳо бинобар канда шудани хатҳои барқ ​​ҳавопаймоҳои бесарнишин сафарбар карда шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ гузориш медиҳанд, ки роҳҳо ва дигар зерсохторҳо хароб гардидаанд.

Дар қисмати марказии Миссисипи беш аз 49 ҳазор хона бар асари шамоли сахт бе барқ ​​монданд.

АКС: Euronews

Июнь 21, 2023 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад