Дар Ҳавайӣ вулқони Килауэа аз нав хурӯҷ намуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи иттилои Хадамоти геологии ИМА (USGS), дар Ҳавайӣ вулқони Килауэа пас аз се моҳи танаффус аз нав хурўҷ кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» иттилоъ медиҳад.
«Расадхонаи вулқонии Ҳавайии Хадамоти геологии ИМА (HVO) соати 04:44 ба вақти маҳаллӣ дар қуллаи Килауэа гудозаро сабт кард. Ин аз оғози оташфишонӣ дар танӯраи вулқонии қуллаи Килауэа -Ҳалемаума дар ҳудуди Боғи миллии вулқонҳои Ҳавайӣ шаҳодат медиҳад», -омадааст дар паём.
Килауэа — «вулқонҳои сипарии бо калдера» — и фаъол дар ҷазираи Ҳавайӣ мебошад. Вай дар баландии 1243 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, пояи он ба каъри укёнуси Ором бо чуқурии тақрибан 5,5 километр мерасад. Вулқон шумораи зиёди танӯраҳои паҳлӯӣ ва якчанд конусҳои паразитӣ дорад, ки аз онҳо гудозаҳо ҷорӣ мешавад.
Имсол, нимаи моҳи феврал, пас аз заминларза дар қисмати ҷанубии ҷазираи Ҳавайӣ, фаъолияти вулқони Килауэа аз нав оғоз шуд. Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), таркишҳои охир аз танӯраи вулқон дар натиҷаи афзоиши фаъолияти вулқонҳо рух додааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: unsplash.com








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






