Дар Бохтар волидон ва омӯзгорони хонандагони фаъол қадрдонӣ шуданд

Июнь 6, 2023 15:34

ДУШАНБЕ, 06.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар зимни маросими тантанавӣ волидайне, ки фарзандонашон дар олимпиадаҳо ва  мусобиқаҳои  ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ҷойҳои намоёнро ба даст овардаанд, ҳавасманд гардонида шуданд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар маросими мазкур ҳамзамон омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳо медал ба даст овардаанд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Мукофотҳоро  Раиси шаҳри Бохтар, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон ҳамчун туҳфаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар  ба падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон тақдим намуданд.

Дар маросим сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода низ барои ҳамкорӣ ва нишон додани ташаббусҳои нав дар соҳа  аз тарафи Раиси шаҳри Бохтар бо «Сипоснома»  қадрдонӣ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ин иқдоми наҷиб дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳамзамон ин иқдоми нек дар самти ҳавасмандгардонии омӯзгорону падару модарон дар омода намудани хонандагон барои иштирок дар олимпиада ва дигар озмунҳо мусоидат менамояд.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Июнь 6, 2023 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Барои иштирок дар даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 112 ҳазор нафар довталаб номнавис карда шуд