Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ олимпиадаи забони русӣ доир гардид

Июнь 3, 2023 10:24

ХОРУҒ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба забономӯзӣ ва дар баробари омӯзиши забони давлатӣ аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев аз 31 май то 1 июн бо иштироки донишҷӯёни ин муассисаи олӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ олимпиада аз фанни забони русӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар додааст.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳи мазкур Баҳромҷон Аҳмадзода гуфт, ки “яке аз ҳадафҳои ин олимпиада- баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши забони русӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад”.

Забони русӣ яке аз 8 забони байналмилалӣ аст, ки сол аз сол нуфуз ва мақомаш дар ҷаҳон бештар гардида, ҳоло бо ин забон 260 миллион муошират мекунад. Илова бар ин Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон буда, солҳои охир робитаҳо дар соҳаи маориф густариш меёбанд. Ҳамасола садҳо нафар хатмкунандагони муасисаҳои таълимии Тоҷикистон таҳсилашонро дар муассисаҳои олии Русия  идома медиҳанд.

Дар олимпиада 60 нафар-30 хонандаи синфҳои шашуму ҳаштуми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 донишҷӯи  Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ иштирок намуд.

Ин олимпиада бо иқдоми роҳбарият ва устодони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Иштирокдорони олимпиада аз рӯи шартҳои қироати ифоданоки шеър, саводи хаттиву шифоҳӣ, кишваршиносӣ, таърих, илму фарҳанги Русия, баёни фикру мулоҳиза доир ба ҳаёти худ бо ҳам рақобат намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии  шаҳри Хоруғ

Июнь 3, 2023 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад