Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб масоили муҳими таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон баррасӣ гардид

Июнь 12, 2023 20:15

ДУШАНБЕ, 12.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон дар шароити муосир» баргузор шуд, ки мақсад аз он ҷалби олимон ва мутахассисон оид ба таҳқиқи масоили муҳими таъмини амнияти иқтисодӣ, таҳлили вазъи имрӯза ва пешниҳоди роҳҳои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Гуфта шуд, ки таъсири рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ба рушди иқтисоди миллии мамлакати мо беандоза назаррас аст. Тавре маълум аст, иқтисодиёти Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ дар асоси сиёсати давлатии «дарҳои кушода» ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми ҳамгироии минтақавӣ ворид шуда, айни ҳол роҳи пайгиронаи табаддулоти иқтисоди бозориро пеш гирифтааст.

Дар кори конфронс зиёда аз 130 мақолаҳои илмии олимон ва коршиносон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Миср, Узбекистон ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, тавассути ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июнь 12, 2023 20:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд