Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нақши занонро дар таҳкиму пойдории Ваҳдати миллӣ назаррас арзёбӣ намуданд

Июнь 24, 2023 09:49

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкиму пойдории Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Фирдавсӣ.

 Дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати   Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва  намояндагони  вазорату идораҳои дигари мамлакат  иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мениҳад.

Таъкид  шуд, ки сокинони мамлакат имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 30 сол қабл аз ин,  нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият ба пешрафту дастовардҳои беназир соҳиб гаштанд. Аз ҷумла, мақому манзалати занону бонувони тоҷик тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ воқеан ҳам боло рафт. Махсусан саҳми онҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат торафт афзун ва назаррас мегардад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Июнь 24, 2023 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд