Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ мизи мудаввар доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ, ки бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, мизи мудаввар баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти номбурда.
Дар мизи мудаввар изҳор карда шуд, ки мақсади ҷашнгирии Қатъномаи зикршудаи СММ ин иттилоотонии ҷомеа дар бораи хусусиятҳои хоси кори хизматчиёни давлатӣ, вазифаҳо ва масъулияти баланди онҳо дар назди ҷомеа мебошад. Санаи мазкур ҳамчун эҳтиром овардан ба хизматчиёни давлатии касбӣ эътироф шудааст.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 27 муқаррар намудааст: «Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд».
Дар нишаст тазаккур дода шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ ба вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтанд.
Баён карда шуд, ки ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ ҳамчунин принсипи конститутсионии идоракунии давлат эътироф шуда, бевосита аз Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бармеояд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ яке аз ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар баъзе аз давлатҳо бо номи ҳуқуқи иштирок дар идораи давлат низ маълум аст. Инчунин, масъалаи хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ дар дигар давлатҳо, аз ҷумла дар ИМА, Русия, Ҷопон мавриди муҳокимаи иштирокчиёни мизи мудаввар қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 23 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст. Аввалин маротиба Маҷмаи Умумии СММ дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002 ин санаро ҳамчун Рӯзи хизмати давлатӣ қабул намудааст. Ҳамасола давлатҳои узви Созмони МИллали Муттаҳид дар ин рӯз ҳамоишҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро арзёбӣ мекунанд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






