Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо (20 июн) дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ҳуқуқи гурезаҳо дар низоми ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилотҳо» ҳамоиш доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тавре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода баён дошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳуқуқи озодиҳои инсон, меъёрҳо, принсипҳо ва арзишҳои қабулшудаи байналмилалиро чун дигар давлатҳои соҳибистиқлол эътироф кард.
«Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки яке аз санадҳои асосӣ дар низоми санадҳои ҳуқуқӣ ба шумор меравад, дар самти ҳуқуқи инсон пурра дарбаргирандаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аст. Инъикоси арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон, озодиҳои ӯ дар моддаи 5-и ин санад худ гувоҳи он аст, ки Конститутсияи мо пурра демократӣ аст», — изҳор дошт ӯ.
Иброз гардид, ки дар қонунгузории давлатҳои дунё масъалаи гурезаҳо ва паноҳандагӣ басо мубрам арзёбӣ мегардад. Ва омилҳои ба даст овардани мақоми гуреза бо ҷангҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, низоъҳои дохилӣ, таҳдиду таъқибот ба ҳаёт рабт дошта, айни замон фоҷеаи азими инсоният маҳсуб меёбад.
Таъкид карда шуд, ки дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда. мавқеи худро нисбат ба санадҳои байналмилалии соҳаи гурезаҳо, Конвенсияҳо дар бораи гурезаҳо ва Протокол дар бораи «Мақоми гурезаҳо» муайян намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аллакай соли 1992 ба тасвиб расид, ки мамлакати мо мавқеи худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ин ҷода муайян сохт.


Ба гуфтаи намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Солеҳзода, дар мавриди дастрасӣ ба гирифтани мақоми гуреза ва ҳимоя аз бозгашт нисбат ба паноҳҷӯяндагон, гурезагон ва шахсони бешаҳрванд, ки ба ҷумҳурии мо меоянд, аз ҷониби мақомоти давлатӣ маҳдудиятҳои сунъӣ ва ғайриқонунӣ вуҷуд надорад.
«Рад шудани додани мақоми гуреза аксар вақт дар робита ба убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва сари вақт огоҳ накардани хадамоти сарҳадӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи комиссияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад», — гуфт ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон, дар ҷаҳон тақрибан ҳар дақиқа 20 нафар дар натиҷаи низоъҳо ва ҷангҳо муҳоҷирати маҷбурӣ намуда, таҳти таъқиб қарор мегиранд.
Ба гуфтаи иштирокдорони ҳамоиш, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» баробари ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо батадриҷ такмил ёфта, фарогири асосҳо, тартиби дар ҷумҳурӣ гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда, инчунин мақоми ҳуқуқии гурезаҳо, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ гардида, манфиатҳои онҳоро муқаррар намуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид






