Дар Душанбе масъалаи таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 31 май Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бар зидди терроризм Илкка Салми вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаи таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати номбурда хабар доданд.
Ҳамзамон дар мулоқот намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Миёна хонум Терҳи Ҳакала, сафир-намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис ва дигар намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо ҳузур доштанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз қабили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастҷамъона дар ин самт якчанд таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Зимнан ҷонибҳо ба вазъи кунунии Афғонистон ва густариши мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






