Дар Форуми соҳибкории G5 беш аз 650 нафар соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд

Июнь 23, 2023 15:28

СУҒД, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии савдо – «Суғд -2023», Форуми соҳибкории G5 бо иштироки зиёда аз 650 нафар соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, сармоягузорон ва шарикони рушд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи расмии Форум роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъкид намуданд, ки ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани нерӯ, ҳавасманд кардани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, тақвияти афкор ва васеъ намудани маълумотнокии иштирокчиён, рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъмини муколамаи муфид миёни соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ мебошад.

Ҳамоиши сатҳи баланд аз ҷониби Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуда, соҳибкорони муваффақ вобаста ба мавзуъҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ ва инчунин таҷрибаву пешрафти кори худ табодули афкор намуданд.

Дар қисмати дигари Форум панели мубоҳисавӣ дар мавзӯи «Афзалияти рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид, ки ба соҳибкорон дар роҳи тақвият, ҷалб ва дастрас намудани маълумоти муфид имконияти муосид маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳама баромаду суханрониҳои худ ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва амалигардонии стартапҳо дар мамлакат таъкид менамоянд.

Иброз гардид, ки таъсиси грантҳои Президентӣ, қабул ва татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои гуногуни дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» ва дигар санадҳои амалкунанда ба рушди соҳа замина гузошт.

Баргузории чунин Форумҳо метавонад дар ҳавасманд гардонидани соҳибкорони навкор, пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ, муколамаи мақсадҳои тиҷоратӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни соҳибкорон мусоидат намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 23, 2023 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд