Дар Хоруғ Иттиҳодияи истеҳсолии матбааи вилоятӣ дубора ба фаъолият шуруъ менамояд

Июнь 10, 2023 09:38

ХОРУҒ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳодияи истеҳсолии матбааи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанд сол пеш бо сабаби аз кор мондани дастгоҳҳои чопӣ фаъолияташро муваққатан қатъ намуд. Роҳбарияти рӯзномаҳои вилоятию ноҳиявӣ маҷбур буданд, ки нашрияҳоро дар  чопхонаҳои шаҳри Душанбе ба нашр расонанд. Айни замон ин иттиҳодияи истеҳсолӣ навсозӣ  ва бо таҷҳизоти муосири чопӣ таъмин гардид, ки фаъолияти дубораи он  мушкили дар пойтахт чоп намудани рўзномаҳоро аз байн мебарад.  Дар ин хусус мухбири минтақавии  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Мутахассисони Иттиҳодияи истеҳсолии матбааи вилоят ба таври таҷрибавӣ чанд нусха рӯзномаи шаҳрии «Оинаи зиндагӣ»-ро ба табъ расонданд, ки кормандони эҷодии ин нашрия  аз сифати чоп изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сардори иттиҳодияи мазкур Шодӣ Алифшоев гуфт, ки тирамоҳи соли гузашта бо кумаки раиси вилоят матбааи вилоятӣ соҳиби дастгоҳи муосири чопии «Роланд 2000» гардид ва ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмиру навсозии бинои чопхона зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Алъон корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, тасмим гирифта шудааст, ки  дар арафаи Рўзи  ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор  гирад.

Акнун дар матбаа  на танҳо рӯзномаҳои вилоятию ноҳиявӣ бо сифати баланд ба табъ мерасанд, балки  чопи варақаҳои иттилоотию бозоргонӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ, ҳамчунин китобу маҷаллаҳо  низ  ба роҳ монда мешавад.

Сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Бадахшон»  Раҳмонқул Раҳмонқулов аз сифати таъмиру навсозии сехҳои матбаа, ки бо қувваи коргарони ҶДММ «Ноширон» аз шаҳри Душанбе анҷом дода шуданд, изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки минбаъд кормандони техникию эҷодии рўзнома талош меварзанд, ки маводҳои ҷолиб ва дархури ҷомеаро ба табъ расонда, сари вақт дастраси  хонандагон  гардонанд.

«Қаблан рўзнома дар шаҳри Душанбе нашр гардида, тавассути ронандагони мошинҳои мусофирбар ба шаҳру ноҳияҳо интиқол дода мешуд.  Ин вақти зиёдро мегирифт ва то ба дасти хонанда расидани он  баъзе аз маводҳо аҳамияти худро гум мекарданд. Дар замони муосир ба таври фаврӣ ба дасти хонандагон расондани рўзнома авлавияти хос дорад. Ҳамчунин баъди баҳрабардорӣ қарор додани матбаа рӯзномаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо хароҷоти камтар масраф мекунанд», — тазаккур дод номбурда.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2023 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад