Дар Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб маросими хатми афсарони ҷавон баргузор шуд

Июнь 18, 2023 17:35

ДУШАНБЕ, 18.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб маросими ботантанаи хатми афсарон баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки ин муассисаи низомӣ моҳи августи соли 2014 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон фавтидаанд ва дигар шаҳрвандон таъсис дода шуда, он соли 2015 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тазаккур дода шуд, ки рӯзҳои наздик хатмкунандагон баҳри иҷрои вазифаҳои таъйиншуда сафарбар мегарданд ва зимни фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ дониш, маҳорат ва малакаи касбии худро пайваста сайқал дода, дар  ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳиссаи худро мегузоранд.

Дар анҷоми чорабинӣ барои курсантон ва меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

АКС: Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 18, 2023 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад