Дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» машғулияти амалӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гузаронида шуд
ДУШАНБЕ,13.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҷалби намояндагони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи наҷотдиҳӣ аз сӯхтор, Хадамоти ҷустуҷӯии садамавӣ, наҷотдиҳӣ, таъминоти парвозҳои Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» машғулияти навбатии амалӣ оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гузаронида шуд, ки дар он кормандони ин корхона фаъолона иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, дар машғулияти мазкур мутахассисон доир ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор маълумоти муфассал дода, дар бораи расонидани кумаки аввалия ҳангоми сўхтор, хомўш намудани оташ ва истифодаи таҷҳизот тавсияҳои муфид доданд.
Дар доираи машқи амалӣ корманди аз оташ осебдидаи манораи назоратии КВД «Тоҷиаэронавигатсия»-ро тибқи қоида ба берун интиқол доданд. Ин яке аз вазифаҳо дар доираи машқи амалӣ буд. Бо истифода аз воситаҳои нақлиёту таҷҳизоти оташнишонӣ сӯхтори шартӣ дар масоҳати аввалааш бе паҳншавӣ хомӯш карда шуд.
Кормандон дар раванди машғулияти амалӣ сарҷамъона ва бо ҳисси масъулиятшиносӣ иштирок намуда, усули истифодаи таҷҳизотро омўхта, сӯхторро хомўш намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи гузаронидани машқҳои амалӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, пеш аз ҳама сайқал додани маҳорати оташнишонӣ, омодагии кормандон дар пешгирию хомўш намудани сӯхтор ва ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуб мебошад.
Илова бар ин, дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» тамоми чораҳои зиддисӯхтор андешида шуда, бинои он бо таҷҳизоти оташнишонӣ таъмин ва маълумоти зарурӣ овезон шудаанд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ низ аз ҷониби масъулон ва кормандон ба роҳ монда шуда, тафтишу санҷиши ҳолати истифодаи биноҳо, иншоот, дастгоҳҳо, техника, механизмҳо, дигар таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва асбобҳо тибқи нақша амалӣ карда мешавад.
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






