Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш баргузор шуд
МУЪМИНОБОД, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш доир гардид, ки дар он кӯдакону наврасон маҳсули ҳунару эҷоди худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.
Дар ноҳияи Муъминобод чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тамоми шароит барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам оварда шудааст.
Тавре сокини ин ноҳия Момагул Маҳмадова иброз дошт, «дар ноҳияи мо барои кӯдакон мактаб-интернат, боғча ва хонаи тавонбахшӣ фаъолият менамоянд. Дар ин муассисаҳо барои кӯдакон шароити хуб фароҳам оварда шуда, зери назорати ҳамешагии роҳбарияти ноҳия қарор доранд».
Дар ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки «масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва ба зиндагии оянда тайёр намудани онҳо ба дӯши волидон ва омӯзгорон, инчунин аҳли ҷомеа мебошад. Мо бояд онҳоро дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем».
Дар ҳамоиш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба 30 кӯдак туҳфа тақдим карда шуд. Шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилали ҳифзи кӯдакон озмунҳои гуногун, аз қабили расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, суруди беҳтарин, иншои беҳтарин ва хонандаи сол эълон намуда, дар ин чорабинӣ ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳо супорид.
Ташкилоти ҷамъиятии занони «Зам-зам», ки яке аз ташкилкунандагони ҳамоиш мебошад, ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд туҳфаҳо тақдим кард.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






