Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2023» 500 нафар меҳмонону соҳибкорон ва тоҷирон иштирок доранд

Июнь 24, 2023 10:14

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2023»​ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳ меҳмонон аз Русия, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд иштирок доранд.

Роҳбарияти вилояти Суғд иброз дошт, ки Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2023»​ барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ ва дӯстона мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки бо сиёсати оқилонаи​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат рушди соҳаҳо таъмин гардида, ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногуни олам дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.


Дар мамлакат барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имкониятҳо фароҳам оварда шуда, ташкили чунин намоишгоҳҳо қадами устуворе дар роҳи таҳкими рушди муносибатҳо мебошад.

Иштироки 500 нафар меҳмонону соҳибкорон ва тоҷирон худ гувоҳи он аст, ки мақоми​ Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2023» сол аз сол баланд гардида, он барои дарёфти шарикони рушд ва бозорҳои нав, амалисозии тарҳҳои муштарак ва ҷалби сармоя хизмат мекунад.​

Ҳамзамон доир ба вазъи кунунии соҳаҳои саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу сайёҳӣ маълумот дода шуда, омодагии вилояти Суғд барои тақвияти ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои хориҷи дуру наздик изҳор гардид.​ ​ ​


Сипас меҳмонон аз​ Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» дидан намуданд. Дар намоишгоҳ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсулоти ватаниро ба маърази тамошо гузоштанд.

Бояд гуфт, ки​ Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2023» 24 июн низ идома ёфта, дар доираи он ташкилу баргузории як қатор форуму конфронсҳо ва суҳбату мулоқот дар назар дошта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 24, 2023 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд