Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир гардид

Июнь 24, 2023 15:11

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати мазкур хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш  иброз гардид, ки  ба қадри зиндагии орому осоиштае, ки мо, аҳли мамлакат  имрўз дорем, бояд расид ва барои ин неъмати бузургтарини ҳастӣ ба Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди содиқи Ватан, ки дар лаҳзаҳои басо душвору хатарнок  корнамоиҳо нишон дода, ҷони худро зери хатар гузоштанд ва сулҳу суботро дар ҷумҳурӣ барқарор намуданд, изҳори миннатдорӣ намоем.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз дар фазои Тоҷикистон ваҳдату ҳамдилӣ ва сулҳу субот ҳукмфармо аст, ки  мояи хушҳоливу шукргузорист. Аз ҳар як шаҳрванд, махсусан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда мешавад, ки бо мақсади пойдор нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо ба савганди хеш содиқ монда, тамоми донишу малакаи касбии худро барои хизмат ба Ватан сарф намоянд.
Таъкид гардид, ки   дар он  замони сахту душвор,  дар баробари кормандони сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ,  кормандони мақомоти корҳои дохилии пойтахт низ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкорсозии ҷинояткорӣ, таҳкими пояҳои давлатдориву ба даст овардани ваҳдати миллӣ нақши муҳим  доранд.

Гуфта шуд, ки милитсияи пойтахт ҳамеша дар пайи таъмини амнияту субот ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода менамояд, то ки сокинону меҳмонони пойтахт ҳамеша бо эҳсоси амну оромӣ кору фаъолият ва зиндагӣ намоянд.
Дар қисмати охири чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ як қатор кормандони милитсияи пойтахт ба рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанб

Июнь 24, 2023 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд