Дар шаҳри Турсунзода фарзандони шуҷои Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо фарзандони шуҷои Ватан, ки ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳалок ва захмӣ гардидаанд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Бо ин мақсад дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад аз хизматҳои қаҳрамононаи сарбози дар муноқишаҳои сарҳадӣ ҳалокшуда, сокини деҳаи Байналмилали Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода Ҳамидулло Шодмонов ва сарбози дар муноқишаҳои мазкур захмишуда, сокини Ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Шодмон-2 Санҷар Эшниёзов ёдовар шуда, дар фазои тантанавӣ ба волидони Ҳамидулло Шодмонов ва сарбоз Санҷар Эшниёзов мукофотҳо супорида шуданд.
Дар бораи қаҳрамониҳою ҷасорати фарзандони шуҷои Ватан, саҳми арзандаи онҳо дар ҳифзи марзу бум ва ҷоннисориҳо дар роҳи садоқат ба Ватан сухан гуфта, ҳозирин хизмат ба Ватан — Модарро қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди боору баномус унвон намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода











Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






