Дар шимолу ғарби Покистон бар асари боришот 25 нафар ҳалок шуда, 145 нафар ҷароҳат бардоштанд
ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Ҳайбар-Паҳтунҳваи шимолу ғарби Покистон бар асари боришот тақрибан 25 нафар ҳалок ва 145 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Мақомоти маҳаллӣ шоми шанбе изҳор намуданд, дар ноҳияи Банну 15 нафар ҳалок ва 100 тани дигар маҷрӯҳ гардида, 68 манзил зарар дидааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳавзаи Лакки — Марват 5 нафар ҳалок ва 42 нафари дигар ҷароҳат бардошта, дар ҳавзаи Карак 4 нафар ҳалок ва як нафар маҷрӯҳ шудааст. Дар ҳавзаи Дера — Исмоил — Хон ҳодисаҳои бо борон алоқаманд боиси марги 1 нафар ва осеб дидани 2 нафар гардидааст.
Тавре иттилоъ дода мешавад, дар байни ҳалокшудагон 17 мард, 1 зан ва 7 кӯдак мебошад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






