Дар вилояти Абайи Қазоқистон теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал ба 14 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Абайи Қазоқистон теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал ба 14 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи шанбе дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст.
«Мувофиқи маълумоти ситоди фаврӣ оид ба хомӯш кардани сӯхтор, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ дар вилояти Абай ҷасади 11 нафари дигар пайдо шудааст. Шахсияти фавтидагон муайян карда мешавад», — омадааст дар хабаре, ки дар саҳифаи Telegram-и Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон нашр шудааст.
Қаблан ҷасади се корманди гумшудаи хоҷагии ҷангал пайдо шуда буд. Ҳамин тавр, шумораи ҳалокшудагон ба 14 нафар расид.
Дар хомӯш кардани сӯхтори ҷангал зиёда аз ҳазор одам, 252 техникаи Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи хоҷагии ҷангал, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва Вазорати мудофиа ҷалб карда шудаанд. Инчунин 11 чархбол ҷалб гардидааст, ки аз оғози сӯхтор 263 амали партофтани обро бо ҳаҷми 590 тонна анҷом доданд.
Сӯхтор дар минтақаи хоҷагии ҷангали Батпаевск 8 июн сар зада, масоҳати сӯхтор зиёда аз 60 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
АКС: АБИ «Казинформ»








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






