Дар Ярмаркаи IX байналмилалии «Суғд-2023» хизматрасонии «Саноатсодиротбонк» муаррифӣ карда шуд

Июнь 25, 2023 13:55

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23-24 июн дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии «Суғд-2023» таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ» баргузор гардид, ки дар он кормандони филиали минтақавии Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Тавре дар «Саноатсодиротбонк»  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ тамоми хизматрасонии бонкӣ пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардонида шуд.

Ҳамзамон дар иртибот ба Фармони Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар доираи Ярмарка корҳои фаҳмондаҳӣ  ва имконияти махсуси замимаи ССБ-мобайл ва Интернет-бонкинги «Саноатсодиротбонк» ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти «Саноатсодиротбонк»  барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» нақша-чорабинӣ омода шуда, филиалҳои бонк дар ҷойҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшиданд.


Тавре қаблан хабар додем, дар намоишгоҳ меҳмонон аз Русия, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсулоти ватаниро ба маърази тамошо гузоштанд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Июнь 25, 2023 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1232 сомонӣ муқаррар шудааст
«Амонатбонк» ба кишоварзон иқдоми қарзии «Дастгирии деҳқон» пешниҳод намудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4958 то 9.5400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1215 то 0.1236 сомонӣ муқаррар шудааст