Дар Ярмаркаи IX байналмилалии «Суғд-2023» хизматрасонии «Саноатсодиротбонк» муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23-24 июн дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии «Суғд-2023» таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ» баргузор гардид, ки дар он кормандони филиали минтақавии Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Тавре дар «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ тамоми хизматрасонии бонкӣ пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардонида шуд.
Ҳамзамон дар иртибот ба Фармони Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар доираи Ярмарка корҳои фаҳмондаҳӣ ва имконияти махсуси замимаи ССБ-мобайл ва Интернет-бонкинги «Саноатсодиротбонк» ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти «Саноатсодиротбонк» барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» нақша-чорабинӣ омода шуда, филиалҳои бонк дар ҷойҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшиданд.


Тавре қаблан хабар додем, дар намоишгоҳ меҳмонон аз Русия, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсулоти ватаниро ба маърази тамошо гузоштанд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»








Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид






