ФУТБОЛ. Санаи баргузории бозиҳои мавқуфмондаи даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 муайян гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои таъхирафтодаи даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олиро муайян намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозиҳои даври панҷуми лигаи олӣ 29 ва 30 июн баргузор мешаванд.
Равзанаи гузариши тобистона дар Тоҷикистон аз 1 июл то 28 июл идома хоҳад ёфт. Нимаи дуюми мавсим бо бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки 29 ва 30 июл дар назаранд, шуруъ мегардад. Вохӯриҳои даври понздаҳуми лигаи олии чемпионати Тоҷикистон 3 ва 4 август баргузор мешаванд.
Чемпионати Тоҷикистон-2023
Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 5
29 июн (панҷшанбе)
Оғоз – соати 17:30
«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»
«Куктош» – КМВА
30 июн (ҷумъа)
Оғоз – соати 17:30
«Эсхата» – «Истиқлол»
«Ҳосилот» – «Хуҷанд»
«Файзканд» – «Хатлон»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






