Гуворо, шавқовар, рангин: МегаФон Тоҷикистон 20-солагии худро дар Суғд ҷашн гирифт

Июнь 5, 2023 16:35

ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 ва 4 июн ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 20-солагии оғози фаъолияти худро дар вилояти Суғд ҷашн гирифт, ки беш аз 30 ҳазор нафар консерти ситораҳои эстрада ва Kids Day-ро тамошо намуданд.

3 июн дар Қасри фарҳанги «Арбоб» консерти идона доир шуд, ки дар он зиёда аз 16 ҳазор тамошобин иштирок доштанд. Меҳмонон ҳамроҳи ҳунармандон сурудхонӣ намуданд, таҳти  мусиқии диҷей RVXIN рақсу бозӣ мекарданд.

«Соли гузашта ман махсус ба Душанбе омадам, то Фестивали «МегаФон Life Фест-2022»-ро бубинам. Акнун бошад ҷашни бузург дар шаҳри ман баргузор шуд. Ҳамааш беҳтарин буд, мо ҳамроҳи дӯстон месароидем, мерақсидем ва ин лаҳзаҳо   муддати зиёд дар ёди ман хоҳад монд! МегаФон ҳам сифати аъло дорад, ҳам консертҳои дилписанд доир менамояд!» – гуфт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Малика аз таассуроти худ аз ин ҷашн.

Барои онҳое, ки 3 июн дар консерт иштирок карда натавонистанд, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар саҳифаи YouTube пахши мустақим ташкил кард. Ба шарофати интернети боэътимод ҳама метавонистанд баромади ҳунармандонро онлайн тамошо кунанд.

Рӯзи якшанбе МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи  кӯдакон Kids Day-ро гузаронид. Он дар Боғи фарҳангию фароғатии   «Наврӯзгоҳ» ташкил гардида, зиёда аз 14 ҳазор меҳмонон ҳузур доштанд. Тамоми ҳозирин аз рӯи шавқу завқи худ машғулият пайдо намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо дар озмунҳо иштирок карда, дар караоке суруд хонданд, дар мусобиқаҳои варзишӣ қувваозмоӣ карданд.

«Хеле хуб, ки имкони вақтгузаронӣ бо аҳли оила пайдо шуд. Кӯдакон хурсанд шуданд, воситаҳои дилхушӣ низ зиёданд. Ба писарон махсусан машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба футбол писанд омад, онҳо ин намуди варзишро хеле дӯст медоранд», — изҳор дошт сокини Хуҷанд Фирӯз.

Дар майдони эҷодӣ бачагон расм мекашиданд, аз пластилин ҳар гуна ашёҳо месохтанд ва кулчақандҳоро оро дода, сипас бо худ мебурданд.

Меҳмонони хурдтарин дар майдони махсус ташкилкардашуда, ки дар он мураббиёни касбӣ бо кӯдакон дилхушӣ мекарданд, вақт мегузарониданд. Бачагони синну солашон бузургтар ба ҷустуҷӯи «ганҷина» машғул шуданд. «Ман ба Ҷазираи ганҷ рафтам. Мо қисм ба қисм харитаро ҷамъ намуда, ганҷинаро ҷустуҷӯ мекардем. Ба ман писанд омад!» – мегӯяд меҳмони ҷавони Kids Day Умар.

«Гуворо, шавқовар ва рангин ҷашн гирифтани 20-солагии фаъолият дар Суғд якҷоя бо ҳазорҳо меҳмонон – ин хушбахтии ҳақиқист! Мо дар рӯзҳои дигар низ суханҳои миннатдориро мешунавем, лекин ҷашни мазкур то чӣ андоза ба якдигар наздик будани сокинони вилояти Суғд ва МегаФон Тоҷикистонро бори дигар нишон дод. Мо бо ҳамем ва ин на танҳо ба хотири  реклама, балки ҳақиқати воқеӣ мебошад. Бори дигар ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки МегаФон-ро интихоб карданд ва дар рӯзҳои ид бо мо шодӣ намуданд!» – гуфт Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов.

   

АКС: «МегаФон Тоҷикистон» 

Июнь 5, 2023 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд