Хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» ғолиб омаданд

Июнь 3, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» аз фанни математика, ки дар Тошканд доир гардид, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар Олимпиада хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  Мустафо Абдул-Раҳмон  ҷойи дуюм, Сино Шаропов ва Ҷамшед Усмонов ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.

Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» аз фанни математика аз  29 май то 2 июн дар шаҳри Тошканд байни синфҳои 5-8 баргузор гардид. Дар он 72 хонанда аз 5 давлат- Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июнь 3, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд