«ХУШКМЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Водиҳои Вахшу Кофарниҳони поён ва Кӯлоб минтақаи ояндадорӣ парвариши зардолу мебошанд

Июнь 25, 2023 13:12

ДУШАНБЕ, 25.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон наздик ба 16 ҳазор тонна зардолу истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 7043,4 тонна зиёд аст. Соли равон ба хориҷи ҷумҳурӣ 13353,2 тонна зардолу содирот гардидааст. Аз ин миқдор 7144 тонна меваи тар ва 6209,2 тоннаро меваи хушк ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3200,5 тонна зиёд зардолу содирот шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат дар мавриди баргузории намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон», ки 25 июн дар Боғи «Ирам»-и пойтахт дар доираи ҷашни Тиргон ва Иди зардолу доир шуд, иттилоъ доданд. Дар намоиши мазкур навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз ин мева омодашуда, хушкмеваҳои ватанӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар Тоҷикистон 120 намуди зардолу парвариш карда мешавад

Зардолу (Prunus armeniaca), яке аз меваҳои боллазати субтропикӣ буда, таърихи пайдоиши он хеле куҳан буда, ватанаш Чин арзёбӣ мегардад. Меваи зардолуро ҳам тар ва ҳам хушк карда, истеъмол менамоянд. Зардолу дар Тоҷикистон яке аз меваҳои маъмулӣ аст.

Корманди Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Камолов гуфт, ки «Агар дар дунё 1600 навъи зардолу мавҷуд бошад, қариб 120 намуди он дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, ки 90 намуди он ба ноҳияҳои Конибодом ва Исфара рост меояд».

Мавсуф афзуд, ки ба зардолупарварӣ асосан ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон- Ашт, Исфара, Конибодом ва Хуҷанд машғул мебошанд. Ин ноҳияҳо бештар аз 64%-и ғулинги Тоҷикистонро истеҳсол менамоянд, зардолузори ин ноҳияҳо қариб 78%-и масоҳати умумии боғдориро фаро мегиранд. Дар шимоли Тоҷикистон асосан навъи зардолуҳои аҳрорӣ, хурмоӣ, кафак, бинигорӣ, мирсанҷалӣ, тоҷxибоӣ, бобоӣ, руиxонон (сурх), лола, лоларух, учма (сурх, сафед), боқитаппак, обак, маҳтобӣ, луччак, ҷавпазак, шишахурмоӣ, субҳонӣ, нишонбойӣ, қандак, моҳтобпазак, пешпазаки самарқандӣ, арзаникатта, августпазаки бегоҳӣ, исфарак, ниёзӣ, абрикос, ширпайванд, хасак ва ғайра парвариш карда мешавад. Ин навъҳо барои хушккунӣ, истеъмол дар ҳолати тар ва омода кардани муррабою шарбат мусоид мебошанд.

Беш аз 80 % майдонҳои боғҳои Суғдро зардолузор ташкил медиҳад

Тоҷикистон яке аз минтақаи қадимтарин оид ба парвариши зардолу дар ҷаҳон маҳсуб шуда, дорои 60 000 гектар боғи зардолуст, ки қариб 40 000 гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳад. Ноҳияҳои водигии вилояти Суғд минтақаи асосии зардолупарварӣ буда, мувофиқи маълумотҳои Раёсати кишоварзии вилоят, то моҳи январи соли 2021 аз 62056,9 гектар боғҳои меваҷот 50037,6 гектар ё 80,6% майдонро зардолузор ташкил медиҳад. Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Исфара аз ноҳияҳои калонтарини зардолупарвар дар вилоят ва ҷумҳурӣ мебошанд, ки 76,24%-и майдони зардолузори ҷумҳурӣ дар ҳудуди ин ноҳияҳо ҷойгир аст.

Шароит, иқлим ва таркиби хоки Исфара барои нашъунамои зардолу бисёр мутобиқ буда, дар маркази шаҳр ба шарафи ин мева, ки ин ҷо бештар парвариш карда мешавад, муҷассамаи зардолу гузошта шудааст. Дар шаҳри Исфара чандин корхонаҳои коркарди меваи зардолу фаъолият дорад, ки аз он афшура, мураббо ва дигар анво омода намуда, пешниҳоди аҳолӣ менамоянд.

Лаззату зардолуҳои Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамто надоранд

Шароити хоку иқлими минтақаҳои зардолупарварии Тоҷикистон ба рушду нумуи зардолу чунон мувофиқат мекунад, ки меваи аксарият навъҳо ба монанди «Бобоӣ», «Хурмоӣ», «Субҳонӣ», «Моҳтобӣ», «Қандак», «Тоҷибоӣ», «Хуҷандӣ», «Нишонӣ», «Маъмурӣ», «Ғураи-балх», «Ширпайванд» бо таносуби қанду-туршӣ, лаззату накҳати худашон дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Хусусан ҳамчун моли содиротӣ намудҳои хушки он-ғӯлунг, қайса, аштак, баргак, донаи зардолу, донашӯрак ва намудҳои коркардшудаи хушк дар бозори беруна мавқеи хосса пайдо кардааст.

Солҳои охир вобаста ба тағирёбии иқлим, мулоим омадани боду ҳавои зимистон ва такроршавии пастшавии ҳарорати ҳаво дар давраи гулшукуфии зардолу ба ҳосилноки ин дарахти мевагӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.

Водиҳои Вахшу Кофарниҳони поён минтақаи ояндадорӣ парвариши зардолу мебошанд

Олими соҳаи боғу токпарварӣ Ҷалолиддин Фозилов гуфт, ки шароити хок ва обу ҳавои ноҳияҳои водиҳои Вахш, Кофарниҳони поён ва Кӯлоб минтақаи ояндадорӣ парвариши зардолу мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ баъди Фармони Президенти мамлакат дар соли 2009 дар бораи бунёди 46901 гектар боғу токзори нав, дар давоми солҳои 2010-2014, ки 16000 гектар зардолузор ба нақша гирифта шуда буд, бунёди боғҳои калонҳаҷм ба роҳ монда шуд.

Дар ин минтақа навҳои барвақтпази зардолу дар 10 рӯзаи якуми моҳи май, баъзе солҳо ҳатто дар охири апрел пухта мерасанд ва бозору дастархони мардумро 15-20 рӯз барвақтар бо зардолу ғанӣ мегардонад.

«Ин минтақаҳо дорои даҳҳо ҳазор гектар заминҳои бекорхобиданд, ки дар ҳолати обёрӣ кардану ба кор андохтан ба бунёди боғҳои зардолу мусоидат хоҳад кард», -афзуд Ҷалолиддин Фозилов .

Зардолу дар Бадахшон дар моҳҳои август сентябр мепазад

Зардолу меваҷоти асосии ноҳияҳои қисмати ғарбии Бадахшон буда, хоку иқлими ин ноҳияҳо барои сабзиши зардолу мувофиқ аст. Дар боғоти ин минтақа аз лиҳози миқдор зардолу, пас аз тут дар ҷойи дуюм меистад. Дар ноҳияи Дарвоз ва Ишкошим бештар зардолу парвариш карда мешавад. Агар дар ноҳияҳои водигии вилоятҳои Хатлону Суғд навъҳои миёнапаз охири моҳи май ва июн пухта расад, дар Хоруғ дар баландии 2300 метр охири июл ва аввали август, дар Ишкошим дар мавзеи Лангар дар баландии 3000 метр охири август ва аввали сентябр пухта мерасад. Ин имконият медиҳад, ки муҳлати таъминоти бозор ва дастархони мардум бо ин меваи лазиз 30-40 рӯз дарозтар карда шавад.

Дар Ҳисор ва Рашт бунёди боғҳои калони зардолу тавсия дода намешавад

Минтақаҳои водии Ҳисор, Рашт ва ноҳияҳои доманакўҳии минтақаи Кӯлоб дорои захираи бойи заминҳои лалмии бо нами табии таъмин беш аз 350000 га мебошанд. Лекин бо сабаби иқлимаш тезтағирёбанда будан ва дар давраи гулшукуфтии зардолу бештари солҳо такрор шудани сардиҳои баргардондаи баҳорӣ, зардолу танҳо дар хоҷагиҳои назди ҳавлигӣ бо миқдори кам 1-3 бех парвариш карда мешавад.

Дар ин минтақаҳо то интихоби навъҳои дернашунумукунанда бунёди боғҳои калони зардолу тавсия карда намешавад.

Имсол ҳосили зардолу дар Тоҷикистон фаровон аст

Аз рӯи мушоҳидаҳои олимон, аз соли 1987 то ин ҷониб боду ҳавои баҳори соли 2023 барои гулшукуфии зардолу дар Тоҷикистон хело мувофиқ омад ва чунин ҳосили баланд дар ҳамаи шаклу навъҳои парваришшавандаи ин минтақа бори аввал аст, ки як қисми шохҳои дарахтон аз вазни мева шикастанд.

Тоҷикистон дар радифи давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу меистад

Таҳлили маълумотҳои оморӣ бозгӯи он аст, ки истеҳсоли меваҳои донакдор, ки қисми зиёдашро зардолу ташкил мекунад, бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон дар радифи давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу меистад ва ҷумҳурии мо дорои имкониятҳои васеи зиёд намудани истеҳсолӣ ин меваи дар бозори беруна талаботи зиёддоштаро дорад. Мо метавонем майдон ва истеҳсоли ин меваро бо истифодаи дуруст ва саривақтии усулҳои ба баландшавии ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот мусоидкунанда, шароити хоку иқлими минтақаҳои барои парвариши зардолу мувофиқ, интихоби навъҳои ба талаботи бозори дохилию беруна ва коркарди саноати ҷавобгӯ, бунёди боғҳои як навъа бо назардошти навъи гардолудкунанда, ба кор андохтани заминҳои бекорхобида барои парвариши зардолу мувофиқ дар минтақаҳо, истифодаи технологияи муосири парвариши ниҳолҳои зардолу, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои давра ба давра калаккунӣ ва моддаҳои танзимкунанда ба маротиб зиёд намоем.

Таркиби зардолу аз витаминҳо бой буда, доруи дарди дил аст

Ба гуфти олими Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Турсунбой Ахмедов, зардолу аз ҷумлаи меваҳои донакдор буда, дар таркиби меваи тару тозааш 7,8-32,8% моддаҳои хушк, 4,7-20 % қандҳо, 1,12-1,35% моддаҳои нитрогенӣ, 0,38-6,8% ҷавҳари лимӯ ва қисман себ, 4,0-7,14 пектин, 0,62-0,72% намакҳои калий, магний ва ангидриди фосфор,3,1-17,5 мг дар 100 г витамини С, 5,15 мг дар 100 г, каротин (витамини А) ва 0,05 мг дар 100 г витамини В дорад. Дар таркиби хушкмевааш 51,6-72,6% қандҳо мавҷуданд. Дар таркиби донаи зардолу вобаста аз навъҳо 23,1-31,8% сафеда, 48,0-60,4% равған, 0,83-1,61% калий, 0,50-0,80% фосфор, 0,22-0,44% магний, 0,12-0,26% сулфур, 0,1-0,35% калсий, 0,003-0,007% оҳан, 0,004-0,009% синк инчунин витаминҳои В1, В2 РР, В9 мавҷуд аст. Миқдори туршии равғани олеин дар як қатор навъҳо ба 81,6 ва линолевӣ (провитамин F), 27,2% мерасад, ки қимати баланди табобатӣ дорад.

Таркиби бойи кимиёвиаш сабаби ба ғизоҳои паҳрезӣ воридкунии ин мева аст.

Тибқи хулосаи олимон, моддаҳои фаъоли биологии дар меваи зардолу буда, хосияти аз бадан рафъкунандаи моддаҳои заҳрнок, радиактивии зараррасон ва дағолҳои нолозимро доранд. Меваи зардолу хусусияти шифоӣ дорад. Дар радифи воситаи беҳтаркунандаи ҳазми хўрок, мунаффас, сабуккунандаи сулфа, табшикан, пешоброн буданаш ба шифоёбии касалиҳои меъдаю рӯда, саратони шуш, меъда, масона, сурхруда, гулу, зиёдшавии гемоглобини хун ва дарди дил мусоидат мекунад.

Ҳар сол дар ҷаҳон 4,3 миллион тонна зардолу ҷамъоварӣ мегардад

Зардолу дар 68 давлати дунё ҳамчун меваи дӯстдошта парвариш гардида, дар 39 давлат майдони зардолузор аз 1000 то 125000 гектарро ташкил медиҳад. Дар даҳсолаҳои охир бунёди майдони боғ ва истеҳсоли меваи он дар ҷаҳон ба маротиб зиёд гардид. Агар соли 1991 майдони он 320219 гектар ва истеҳсоли мевааш 2,03 миллион тонна бошад, солҳои охир майдони он ба 560 ҳазор гектар ва истеҳсоли солонаи мевааш ба 4,34 миллион тонна расидааст.

Дар байни 30-40 меваҳои дар ҷаҳон парваришшаванда ва аҳамияти иқтисодӣ дошта, ки ҳар сол аз онҳо 860 миллион тонна мева истеҳсол карда мешавад, истеҳсоли зардолу 0,5%-ро ташкил медаҳад. Давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу Туркия, Алҷазоир Узбекистон, Покистон, Афғонистон, Испания, Италия, Фаронса, Эрон, Марокаш, Юнон ҳамасола аз 100 000 тонна зиёд ва Чин, Русия, Украина, Миср, Арманистон ва Сурия аз 50 000 то 100 000 тонна меваи зардолу истеҳсол мекунанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 25, 2023 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Нигоҳи нав ба арзиши об» намоишгоҳ доир мешавад
«АЗ ХУРОСОНАМ КАШИДӢ, ТО БАРИ ЮНОНИЁН…». Ба гиромидошти хотираи мутафаккири бузурги тоҷик мавлоношиносони ҷаҳон дар Париж ҷамъ меоянд
«ҶОН ШАВУ АЗ РОҲИ ҶОН ҶОНРО ШИНОС». Тоҷикистон 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҷлил менамояд
Тоҷикистон ба 18 давлати ҷаҳон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду давлатро зиёда аз 200 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳад
Дар ҷаласаи 64-уми Шурои электроэнергетикӣ тамоюлҳои муосири рушди саноати электроэнергетика баррасӣ гардиданд
ҶОЙГОҲИ «РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ» ДАР ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ВА ГЛОБАЛӢ. Пешниҳоди андешаҳо дар ин маврид
Вокуниши қонунӣ нишон додан ба фаъолият ва амалҳои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ амри зарурӣ ва воқеӣ мебошад
Созишнома доир ба содагардонии савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон ба имзо расид
ҲИКМАТИ БУЗУРГОН ҶАВОНОНРО БА МАНЗИЛ МЕБАРАД. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
Дар шаҳри Минск намоишгоҳи «БЕЛАГРО-2024» ва намоишгоҳи МТЗ-ҲОЛДИНГ баргузор гардид
НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБУ ИҚЛИМИ САЙЁРА НАЗАРРАС АСТ. Эҳдо ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»