Тоҷикистон ба 18 давлати ҷаҳон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали имсол аз Тоҷикистон ба 18 давлати ҷаҳон маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 84,3 ҳазор тонна содирот гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.
Аз маҳсулоти содиротгардида 74,2 фоиз ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 25,8 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд. Маҳсулоти содиротшуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 26,2 ҳазор тонна ё 45 фоиз фоиз зиёд мебошад.
Маҳсулоти сабзавотӣ қариб ба 8 ҳазор тонна (аз ҷумла, пиёз 6,8 ҳазор тонна), меваҷот 1,1 ҳазор тонна (аз ҷумла ангур 510 тонна), меваи хушк 29,1 ҳазор тонна, лӯбиёгиҳо 120 тонна, маҳсулоти ширӣ, тухми паранда ва асали табиӣ 1,5 ҳазор тонна ва тухмиҳои равғандор, растаниҳои доругӣ 2,0 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд.
Нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 содирот аз рӯи ҳаҷми сабзавот — 7,3 ҳазор тонна ё 13,6 маротиба (аз ҷумла пиёз 6,8 ҳазор тонна), меваи хушк — 10,8 ҳазор тонна, лубиёгиҳо — 120 тонна, маҳсулоти ширӣ, тухми паранда ва асали табиӣ 1,5 ҳазор тонна ё 154,5 маротиба ва тухмиҳои равғандору растаниҳои доругӣ 1,0 ҳазор тонна зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






