Дар шаҳри Минск намоишгоҳи «БЕЛАГРО-2024» ва намоишгоҳи МТЗ-ҲОЛДИНГ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус дар шаҳри Минск намоишгоҳи «БЕЛАГРО-2024» ва намоишгоҳи МТЗ-ҲОЛДИНГ баргузор гардид, ки намояндагони Тоҷикистон бо он шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва тарзи истеҳсоли тракторҳо, васл ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ шинос шуд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 5 май дар шаҳри Минск ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамкории байниминтақавӣ, тайёр намудани кадрҳои комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар ҷаласа созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи озуқаворӣ, тайёр кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ ва илмҳои кишоварзӣ, соҳаҳои кооператсияи саноатӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ ба имзо расонида шуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






