ИФТИХОРИ МО! Хонандагони шаҳри Душанбе ғолиби мутлақи Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ гардиданд

Июнь 6, 2023 09:49

ДУШАНБЕ, 06.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 ва 2 июн дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия 7-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони шаҳри Душанбе шумораи бештари ҷомҳоро ба даст оварданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Дар Мусобиқаи байналмилалӣ 100 нафар аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва 19 шаҳру вилоятҳои Русия аз синни 4 то 14-сола иштирок доштанд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон дар Маркази таълимии «Қалам» арифметикаи зеҳниро меомӯзанд, иштирок намуданд.

Иштирокчиёни мусобиқа аз рӯи 4 шарт байни ҳам рақобат карданд.

Дар ҷадвали раддабандии дастаҳои иштирокчӣ, дастаи шаҳри Душанбе аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани 5 Ҷоми ғолиби мутлақ, 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, шумораи бештари ҷомҳоро ба даст овард.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июнь 6, 2023 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид