Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад

Июнь 30, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво  аз 39 то 42 дараҷаро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда,  шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 3+8 дараҷа ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 30, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд