Бо дастури Пешвои миллат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маросими савгандёдкунии президенти Туркия иштирок намуд

Июнь 3, 2023 20:14

ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган 3 июни соли 2023 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба шаҳри Анқараи Туркия ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Чорабинӣ дар қасри Кулие (қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Туркия) бо иштироки намояндагони давлатҳои ҷаҳон доир гардид.

Қобили тазаккур аст, ки Реҷеп Тайип Эрдоган дар назди маҷлиси бузурги миллии Туркия савганд ёд карда мандати худро аз раиси муваққати Маҷлиси бузурги Туркия Девлет Бахчели қабул намуд.

Пас аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ Президенти Ҷумҳурии Туркия ҳайати нави Девони вазиронро эълон намуд.

АКС аз АИ Анадолу

Июнь 3, 2023 20:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид