«КӮКНОР-2023». Имрӯз дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда оғоз мегардад

Июнь 1, 2023 08:39

ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн  дар ҳудуди вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2023» оғоз гардида, то моҳи ноябр идома меёбад, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии мақомоти дахлдор Ситоди вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2023» ба роҳ монда шуда, барои баргузории он  гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода мешаванд. Мақсад  аз гузаронидани ин амалиёт ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин баргузории чорабиниҳои маҷмуии таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ мебошад.

Идораҳои марбута вазифадор гардидаанд, ки суиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро пешгирӣ намуда, шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар дар байни аҳолӣ чорабиниҳои маҷмуии профилактикӣ, таблиғотӣ ва маърифатӣ гузаронанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 1, 2023 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд