«КӮКНОР-2023». Имрӯз дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн дар ҳудуди вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2023» оғоз гардида, то моҳи ноябр идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии мақомоти дахлдор Ситоди вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2023» ба роҳ монда шуда, барои баргузории он гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода мешаванд. Мақсад аз гузаронидани ин амалиёт ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин баргузории чорабиниҳои маҷмуии таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ мебошад.
Идораҳои марбута вазифадор гардидаанд, ки суиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро пешгирӣ намуда, шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар дар байни аҳолӣ чорабиниҳои маҷмуии профилактикӣ, таблиғотӣ ва маърифатӣ гузаронанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






