Маросими ифтитоҳи Гран-прии Душанбе-2023 доир шуд

Июнь 2, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо ҳамчунин маросими ифтитоҳи ин чорабинии байналмилалӣ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими кушодашавии аввалин Гран-прии Душанбе-2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер ва президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир иштирок намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки «варзиш воситаи ба ҳам пайвастани халқу миллатҳои гуногун дар ҳаёти инсон мебошад. Дар мамлакати мо ба масъалаи рушди варзиш ҳамчун воситаи муассир ва муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳбуди саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бояд таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали фаъолият то имрӯз барои рушди варзиши тоҷик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Натиҷаи чунин талошҳо аст, ки дар Тоҷикистон бисёре аз намудҳои варзиш, аз ҷумла ҷудо дар роҳи рушди устувор қарор дорад ва имрӯз варзишгарони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намудаанд».

Тазаккур дод шуд, ки аз оғози соли 2023 то имрӯз аз ҷониби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 4 мусобиқаи дохилӣ ва 8 ҷамъомади таълимию тамринӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат баргузор шудааст.  11 ва 12 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо байни калонсолон тибқи талаботи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин раванд бо мақсади рушди варзиши наврасон моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки варзишгарони ҷавон Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин мояи ифтихор аст, ки имсол дастаи ҷудои Тоҷикистон дар 10 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби 10 медал, аз ҷумла, 2 медали тилло, 1 нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардид.


«Итминон дорам, ки мусобиқаи имрӯза дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар мамлакат, аз ҷумла ҷудо, кашфи варзишгарони ҷавону умедбахш мусоидат мекунад ва инчунин шаъну шарафи варзиши Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардорад. Боварӣ дорам, ки шумо тавассути варзиш ва мусобиқа ба ҷаҳон паёми қавии сулҳ, ҳамоҳангӣ ва дӯстӣ мефиристед. Дар хотима мехоҳам ҳайатҳои муҳтарамро ба Душанбе хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи варзишгарон барор ва муваффақият таманно кунам», — иброз намуданд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер изҳор дошт, ки «мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ташкили аввалин Гран-прии Душанбе-2023 изҳори сипос менамоям. Мо дар ин ҷо ҳастем, то ба сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар тамоми ҷаҳон мусоидат кунем. Мо дар мамлакати бештари аҳолиаш ҷавон, рӯ ба рушд ва илҳомбахш барои ҷаҳон ҳастем, ки варзиш, адолат, фарҳанг, инчунин таърихи давлати шумо-мамлакати навовар ва рӯ ба рушдро тарғиб кунем. Сипос!».

Пас аз суханронии ифтитоҳӣ Суруди миллии Тоҷикистон, суруди расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо ва намоиши барҷастаи фарҳангӣ бо иштироки ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев намоиш дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 2, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд